Дилшод Рахимбоев дил by Телерадиокомпания CM-1   5 год. назад

89,736 просмотров

287 Likes   31 Dislikes

Ссылка на видео. Код для вставки.

Дили Дилшоди хурдсол дар Тоҷикистон ҷарроҳи гашт!
Дилшод ин кӯдаки 3 сола аст. Азбаски кӯдак нуқсондор таваллуд шуд аз у волидайнаш даст кашиданд ва ба хонаи кӯдаконаи шаҳри Хуҷанд супориданд. Дилшод нуқсони модарзотии дил дошт. 2 соли аввали ҳаёташро ин кӯдак дар хонаи кӯдаконаи шаҳри Хуҷанд гузаронидааст.
Хушбахтона дар соли 3-юми ҳаёташ оилае пайдо гардиду ӯро ба фарзанди қабул намуд. Абдуназар ва Манзура имрӯз волидайни қонунии Дилшод ба ҳисоб мераванд. Онҳо сокинони ҷамоати Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мебошанд. Баъди хонадоршавӣ дар ин оила 9 сол кӯдак тавлид нагардид. Бо нияти фарзандор шудан Манзура ва Абдуназар, Дилшоди 2 соларо аз хонаи кӯдаконаи шаҳри Хуҷанд гирифтанд. Ин оила аз нуқсонҳои модарзотии кӯдак низ бохабар буданд. Фикр мекарданд, ки бо мурури вакт бемории дил бо афзоиш ёфтани кӯдак сиҳат мегардад. Вале ҳолати кӯдак рӯз аз рӯз суст мешуд. Табибон марги кӯдакро дар ҳолати фавран ҷарроҳи накардани дилаш пешгӯи намуданд. Барои ҷарроҳии дил 5000 доллари амрикоӣ лозим буд. Хушбахтона бо кӯмаки хайрхоҳон барои ҷарроҳи маблағи даркорӣ ҷамъ гардид ва табибони ватанӣ тавонистанд дили Дилшоди хурдсолро фавран ҷарроҳӣ намоянд.


загрузка...

Комментарии

Похожее видео

Новости